- унвон
- [عنوان]а1. сарнома, сарлавҳа; номи китоб ё ягон қисми он, номи мақола ва ё навиштаҳои дигар: бо унвони …, дар зери унвони…, таҳти унвони …2. навиштаи рӯи лифофа ва дигар чизҳои ба воситаи почта фиристодашаванда, ки ном ва ҷои истиқомати гиранда ва фиристандаро дар бар мегирад, нишонӣ: унвони мактуб; ба касе ё ҷое нома ва чизи дигар равон (ирсол) намудан; ба унвони касе чизе фиристодан3. номи ба шахсе расман додашудае, ки дараҷаи ихтисоси дар соҳае дошта рутба, дараҷаи мақом ва чигунагии хизматҳои ӯро ифода мекунад: унвони илмӣ, унвони ҳарбӣ, унвони фахрӣ, унвон гирифтан, унвон додан, ба унвоне сазовор шудан, соҳиби унвон шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.